Идомаи ҳамлаҳои саҳюнистӣ зидди мардуми бедифоъи Фаластин боис шуд, ки нерӯҳои мусаллаҳи Яман бори дигар киштиҳои марбут ба режими саҳюнистиро дар обҳои худ ҳадаф қарор диҳанд. Ба гузориши Порс тудей, бо истинод ба “Ал-Олам”, ин масъала барои Тел-Авив ва Амрико, наздиктарин муттаҳиди Исроил, харҷи сангин бор кардааст.
Ба ин тартиб, Майк Волтз, мушовири амнияти миллии Амрико, эълом кард: Ҳамлаҳои ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман боис шудааст, ки аз чаҳор се ҳиссаи киштиҳои парчами Амрико аз убури Баҳри Сурх худдорӣ кунанд ва ба ҷои он масири тӯлонӣ ва гаронарзишро ба ҷануби Африқо интихоб кунанд.
Валтз дар гуфтугу бо шабакаи Си-Би-Эс гуфт, ки акнун 75 фоизи киштихои дар зери байраки Амрико гузошташуда ба чои канали Суэс бояд аз сохили чанубии Африқо гузаранд.
Вай афзуд: Бори охир як киштии мо аз галӯгоҳҳои наздики Яман убур кард, 23 бор мавриди ҳамла қарор гирифт.
342/
Your Comment